Баромади сардори шуъбаи суди ҳарбии гарнизони Душанбе майори адлия Ҳасанзода А.С.

Мардуми боиқболем

Рафиқон  афсарон, прапоршикон ва сарбозони шуҷои Ватан

 

Боиси ифтихор аст, ки халқи тоҷик аз азал хирадпеша буда, медонанд, ки тақдирашро бо дасти хеш чӣ тавр бинависад. Оре, зарурати таърихӣ инро тақозо мекард. Ҳанӯз дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта мардуми кишвари азизамон ба марҳилаи нави давлатдорӣ қадамҳои нахустини худро гузошт, моликияти хусусӣ, соҳибкорӣ рушд мекард. Баъди расидан ба соҳибистиқлолӣ дар марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ бунёди ҷомеаи навини шаҳрвандӣ, гуногун моликиятӣ оѓоз шуд. Мустақилияти рушди иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарњангӣ дар алоқамандӣ бо суннатҳо, анъанаҳои қадими давлатдории гузаштагонамон, баҳрабардорӣ аз анъанаҳои миллӣ, ёдгориҳои пурғановати тамаддун, дар заминаи рушди робитаҳои тарафайн бо кишварҳои хориҷї ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ тақозо менамуд. Зиндагӣ дар маҷрои нав шаклу усули нави давлатдорӣ, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзу таъмини арзишҳои олии инсон, ҳуқуқҳои инсон, ба низомдарории муносибатҳои сифатан наву беҳтари ҷомеаро талаб мекард.

Тағйироти ба амаломада дар рӯзгорӣ сокинони мамлакат ҳарчи тезтар муайянсозии асосњои ҳуқуқии дигаргуниҳои умумӣ, ҳамчунин рушди алоҳидаи ҷомеаро пеш овард.

Дигаргуниҳои чашмрас зарурати қабули қонунҳои нав, интихоби шаклу воситаҳои нави муносибатҳоро ба миён овард, яъне танҳо бо қабули Конститутсияи нав мо метавонистем аз уҳдаи ҳалли вазифаҳои дар пешистода дар бахши ислоҳоти ҳуқуқӣ сарбаландона бароем. Ин зарурат ҳанӯз соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» дар назар дошта шуда буд. Метавонистем барвақтар соҳиби бахтномаи хеш гардем, вале гумроҳӣ, бегонапарастӣ, таассуби диниву сиёсии бархе аз роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, пешвоёни дини мубини ислом боиси сар задани муноқишаҳои сиёсї, даргириҳои шаҳрвандӣ ва дар таҳия шудану қабули лоиҳаи ин Қонуни сарнавиштсоз монеъ гардид. Гурӯҳи корӣ аз 10-уми феврали соли 1992 бо Фармони собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Набиев барои таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ шурӯъ кард, моҳи августи соли 1992 он ба муҳокимаи умумии халқ гузашта шуд, аммо ба анҷом расонида нашуд, чунки кашмакашҳои дохилӣ, низои байни тоҷикон боз монеи қабули Конститутсия гардид.

Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1993 дар арафаи муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Ҳамин тавр моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститсионӣ ва гурӯҳҳои кориро оид ба таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим ташкил намуд. 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалќӣ пешниҳод карда шуд, ки хушбахтона санаи 6-уми ноябри соли 1994 аз ҷониби мардуми кишвари азизамон бо 87,59 дар сади овозҳо пазируфта шуд.

Ҷомеъае, ки асосҳои бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу инсоф ва масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медињад, орзуи халқи мо дар масири асрҳо буд ва бояд гуфт, ки дар ин роҳ кӯшишҳои бисёре низ амалӣ карда мешуданд. «Ҳанӯз дар аҳди Ҳахоманишиён – дар қарни панҷуми пеш аз милод Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир содир шуда буд, ки дар он бори нахуст сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт»- таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Албатта, ин далели таърихӣ боиси ифтихор аст, аммо ин санад ва чандин амру фармонҳои башардӯстона бо ибтикори сарварони давлатҳо дар таърихи ниёгони мо содир шуданд ва мавқеи халқ дар ин радиф пассив, чандумдараҷа буду мардуми одӣ иҷборан барои иҷрои бандҳои он муваззаф мегашт.

Имрӯз ин ҳуҷҷати муҳим аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми кишвари азизамон дар даврони соҳибистиқлоламон, шакли ифодаи њуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо, манофеи миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллии моро ташкил медиҳад. Маҳз тавассути ин ҳуҷҷат мо сарнавишти хешро дар бобати соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомии арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, давлатро муайян кардаем. Волоияти қонун, тантанаи адолат, ширкати шаҳрвандон дар иҷрои қонуну қонуният, давлатдорӣ фаъол гардид. Онҳо бо эҳсоси баланди худшиносӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ баҳри ҳифзи моддаву бандҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимат бастанд. Аз хӯрд то бузург дар амалӣ гаштани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти озуқаворӣ, коммуникатсия, амнияти энергетикӣ, ҳифзи истиқлолияти кишвари азизамон заҳмат кашиданд.

Шоҳроҳҳо бунёд гашт, робитаи байни минтақаҳои кишвар қавӣ шуд, сокинони деҳот соҳиби замин шуданд, неругоҳҳои нав ба нав рӯи кор омаданд. Ду чархи НБО «Роғун», ки ҳаёту мамоти кишвари азизамон вобастаи он аст фаъол гашта, ба кор даромад, мактабҳои нав, маҳаллаҳои нав бунёд мешаванд. Мардум дар пайи иҷрои ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноаткунонӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пурсамар азму талош доранд. Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ чун Созмони Миллали Мутаҳид ва Созмони Амният Ҳамкорӣ дар Аврупо Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун намунаи беҳтарини санади демократӣ эътироф кардаанд.

Пеш аз анҷоми маърузаи худ мехоҳам аз чаҳор мисраъ шеъри Аллома Иқболи Лоҳуриро ки як ҷањон маъниро дар бар мегирад ба Шумо тақдим менамоям.

 

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бахтномаи муқаддаси миллат табрику шодбош мегӯям.