Иштироки кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нимаи дуюми 25 октябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои кормандони дастгоҳи судҳои суди ҳарбии гарнизони Душанбе, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок намуданд. Семинари омӯзишии мазкур бо роҳбарии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Додозода Абдуманон гузаронида шуд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони дастгоҳи суд ба роҳ монда мешавад.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе