Вазифаи ҷонӣ ба Ватан содиқона хизмат кардан аст, на қаллобию мардумфиреби кардан.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба далват ё дигар нафарон зарар нарасонанд, аммо баъзе нафароне ҳастанд, ки танҳо манфиати худашонро мекунанду даст ба ҷинояти қаллобӣ мезананд.
Чунончӣ Баймуратов А.Ҳ., дар давоми моҳҳои август то октябри соли 2016 дар ҳуҷраи 53, кӯчаи Соҳилӣ-1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе якҷоя бо лейтенант Аҳёев Беҳрӯз Асоевич зиндагӣ кардан, худро ба ӯ корманди милитсияи байналмилалӣ муаррифӣ карда, иброз доштааст, ки имконияти ҳалли корҳои мушкил ва ғайриқонуниро дорад. Пас аз ин, лейтенант Аҳёев Б.А. рӯзи 25 октябри соли 2016 аз ҳадди ваколатҳои хизматиаш баромада, бо мақсади ба даст даровардани маблағҳои калони пулӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зертобеаш, қаторӣ Мамонов Умедҷон Шерназарович ва модари ӯ Хушвахтова Зуҳра Бобоевна даромада, бо баҳонаи аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат озод намудани қаторӣ Мамонов У.Ш., маблағи калони пулӣ дар ҳаҷми 2500-(ду ҳазору панҷсад) доллари ИМА талаб намудааст. Зимнан Аҳёев Б.А. аз Хушвахтова 3.Б. ва писари ӯ қаторӣ Мамонов У.Ш. пешпардохти нисфи маблағи талабкардаашро дар ҳаҷми 1250-( як ҳазору дусаду панҷоњ) доллари ИМА талаб карда, барои бо мақсадҳои ҷинояткоронааш расидан номбурдагонро бовар кунонидааст, ки тавассути шиносаш Баймуратов А.Х. дар муддати як моҳ масъалаи аз хизмати ҳарбӣ озод кардани қаторӣ Мамонов У.Ш.-ро ҳал карда, ба охирин якбора билети ҳарбии солим ба хизмати ҳарбӣ тайёр карда медиҳад. Шаҳрванд Хушвахтова З.Б. ба суханҳои ӯ бовар карда, худи ҳамон рӯз аз манзили зисташ аз ҳисоби пасандозҳояш маблағи 80.000-(ҳаштод ҳазор) рубли русиро гирифта, соати 17:00 дақиқаи ҳамон рӯз ба назди нуқтаи назорати гузаргоҳии қисми ҳарбии 0123-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар дохили автомашинаи шаҳрванд Холиқов Нурмуҳамад Баҳриддинович, тамғаи ‘Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 2982 АС 01, маблағи пулии 80.000-(ҳаштод ҳазори) рубли русӣ иборат аз 16 адад купюраҳои 5.000-(панҷ ҳазора) рубли русӣ баробар ба 1250-(як ҳазору дусаду панҷоҳ) доллари ИМА ба Аҳёев Б.А. дода, охирин маблағҳои пулиро қабул карда гирифтааст.
Рӯзи 26 октябри соли 2016 ӯ бо мақсади боварии бештари шаҳрванд Хушвахтова 3.Б.-ро соҳиб гардидан, охиринро бо вай шинос намуда, Хушвахтова 3.Б. аз рӯи талаби Аҳёев Б.А. ва ӯ ҳуҷҷатҳои шахсияти ба писараш тааллуқдоштаро дода, хоҳиш карда будааст, ки вобаста ба имкониятҳояшон масъалаи аз хизмати ҳарбӣ озод намудани писарашро ҳарчи тезтар ҳал намояд. Ин ҳолатро баҳона карда, рӯзи 1 ноябри соли 2016 Аҳёев Б.А. ва ӯ бо шаҳрванд Хушвахтова З.Б. бо воситаи телефони мобилӣ дар тамос шуда, барои тезтар ҳал шудани кораш боқимонда маблағи пулиро дар ҳаҷми 30.000-(сӣ ҳазор) рубли русӣ талаб карданд. Хушвахтова З.Б. аз духтараш Мамонова С.Ш. маблағи 3000-(се ҳазор) сомонӣ қарз гирифта, рӯзи 2 ноябри соли 2016 ба назди нуқтаи назорати гузаргоҳии қисми ҳарбии 0123-и Қушунҳои сарҳадӣ КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, маблағҳои бо худ доштаашро дар ҳаҷми 3000-(се ҳазор) сомонӣ ба лейтенант Аҳёев Б. А. додааст. Ӯ маблағҳои пулиро қабул карда, ваъда медиҳад, ки рӯзҳои наздиктарин корашонро ҳал намуда, писарашро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунад.
Минбаъд, вай, ки тавассути лейтенант Аҳёев Б.А. бо Хушвахтова 3.Б. шиносои пайдо карда будааст, аз охирин бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ рӯзҳои 4 ноябри соли 2016 маблағи 500-(панљ сад) сомонӣ, 11 ноябри соли 2016 маблағи 30.000-(си ҳазор) рубли русӣ ва 17 ноябри соли 2016 маблағи 120-(як саду бист) сомонӣ ва 19.000-(нуздаҳ ҳазор) рубли русӣ талаб карда гирифта, ягон амалӣ муайянеро ба манфиати охирин ҷиҳати аз хизмати ҳарбӣ озод кардани писараш иҷро накарда, маблағҳои пулии ба даст овардаашро ба манфиатҳои шахсиаш сарф намудааст.
Вай бо лейтенант Аҳёев Б.А. дар маҷмӯъ аз шаҳрванд Хушвахтова З.Б. маблагҳои пулӣ дар ҳаҷми 129000-(як саду бисту нуҳ ҳазор) рубли русӣ (баробар ба 15706,3 сомонӣ дар давраи муомилотшуда) ва 3620-(се хазору шашсаду бист) сомониро тасарруф намуда, бо ин кирдорҳояшон ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи охирин зарари махсусан калони моддӣ расонаданд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисабти Аҳёев Б.А. баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристонида шуда, номбурда бо ҳукми суд ба ҷазои сазовор маҳкум карда шудааст.
Ғайр аз ин, Баймуратов А.Ҳ. такроран бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани даромади муфт бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аввалҳои моҳи августи соли 2017 ба бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рафта, дар он ҷо ӯ бо фурӯшандаи ҷавоҳироти тиллоӣ — шаҳрванд Сафарова Зайнамби Саломовна, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Ш.Шоҳин, хонаи 32, ҳуҷраи 19 вохӯрда, аз вай як адад гарданбанди тиллоӣ бо арзиши 1500-(як ҳазору панҷ сад) сомонӣ ва як адад ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 300-(се сад) сомониро нархгузорӣ кардааст. Ҳангоми суҳбат бо Сафарова З.Ҳ. ӯ паихас кардааст, ки имконияти охиринро фиреб кардан ҷой дорад, нақшаи бо роҳи фиреб ба даст даровардани ҷавоҳироти тиллоии охиронро тарҳрезӣ намуда, бо ин мақсад ӯ аз Сафарова З.С. хоҳиш кардааст, ки ягон хонаи истиқоматӣ ҷиҳати ба иҷора гирифтан пайдо намояд. Сафарова З.С. ба ӯ хонаи истиқоматии хешаш Шамсиддинова Марҷонаро, ки ҳамшафқати хонаи истиқоматии худ аст, пепшиҳод кардааст. Ҳангоми дидани хонаи истиқоматӣ ӯ онро маъқул дониста, иброз кардааст, ки дар ин хона иҷора мешинад. Бегоҳии ҳамон рӯз ӯ бо мақсади боварии шаҳрванд Сафарова З.С-ро пурра ба даст овардан, аз охирин ҷавоҳироти тиллоӣ, як адад гарданбанд бо нархи 1500 -(як ҳазору панҷ сад) сомонӣ ва як адад ангуштаринро бо арзиши 300-(се сад) сомонӣ бо пули нақд харидорӣ кардааст.
Рӯзи дигар ӯ дар хонаи ба иҷора гирифтааш бо шаҳрванд Сафарова З.С. вохӯрда, бо мақсади иҷрои нақшаи тарҳрезикардааш бо суханҳои дурӯғу бофтаи худ ба номбурда иброз намудааст, ки ба “раисаш” ду гарданбанди тиллоии вазни якумаш 20 грамм, бо иёри №583 ва дигараш 6 грамм, бо иёри №375 таъҷилан лозим шудааст. Сафарова З.С. ба ӯ ин ду гарданбанди зикршударо пешниҳод карда, арзиши якумашро 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва дуюмашро 1000 (ҳазор) сомонӣ муқаррар кардааст. Ӯ аз дасти шаҳрванд Сафарова З.С. ин ду гарданбандро бо арзиши ҷамъи 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ гирифта, гуфтааст ки ба ҳаммом даромада, оббозӣ карда, баъдан маблағи гарданбандҳоро оварда медиҳад. Сафарова З.С. ба суханони бофтаву дурӯғи ӯ бовар карда, ба гумроҳи афтода, ба хонаи худаш рафтааст. Ӯ аз набудани соҳибмулк Сафарова З.С. истифода бурда, ҷавоҳиротҳои тиллоӣ — ду гарданбандро бо арзиши 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ гирифта, дари хонаи ба иҷора гирифтаашро маҳкам карда, баромада рафта, шабашро дар яке аз меҳмонхонаи шаҳри Кӯлоб гузаронидааст. Рӯзи дигар, ӯ ин ду гарданбанди тиллоиро ба бозори марказии ноҳияи Восеъ бурда, онҳоро ба соҳибкорон Абдураҳимов У.А. ва Абдураҳимов А.А. бо маблағи ҷамъи 5100-(панҷ ҳазору сад) сомонӣ фурӯхта, маблағҳои бо ин роҳ ба дастдаровардаашро сарфи корҳои шахсиаш карда, ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шаҳрванд Сафарова З.С. ба микдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.
Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Баймуратов Абдували Ҳамракулович бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8-(ҳашт) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати 2 сол таъин карда шавад.
- Судяи суди ҳарбии
- гарнизони Душанбе
- подполковники адлия Лоиқзода Н.А.
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 