Телефони мобили ё маҳруми интихоб кунед?

Пинҳони истифода бурдани телефони мобили аз ҷониби сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ сабаби нофаҳми байни ҳамдигар гашта, дар натиҷа даст ба ҷиноят задани онҳо гашт.

Хизматчии ҳарбӣ сарбози қаторӣ Музафаров Раҳим Салимович, моҳи октябри соли 2017 аз ҷониби комиссияи даъватии ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон ба хизмати мӯҳлатноки ҳарбӣ қобил дониста, барои адо намудани хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 0123 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шудааст. Дар қисми ҳарбии мазкур номбурда хизмати ҳарбиро дар вазифаи тирандози взводи 2-юми ротаи комендантии Маркази таълимии “Пойтахт” дар ротаи комендантии Маркази таълимии “Пойтахт” дар ротаи комендантӣ адо карда истода, дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

Чунончӣ, Музафаров Р.С., бар хилофи талаботҳои бандҳои 4,5,6 ва 7 Оиномаи интизомӣ ва бандҳои 8, 9, 13, 16 ва 64 Оиномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, 12.04. соли 2019 тахминан соати 02:00 дақиқа ҳангоми наряди шабонарӯзӣ дар нуқтаи назорати гузаргоҳи №1-и қисми ҳарбӣ буданаш бо ҳамхизмати худ қаторӣ Мақсудов Муҳаммадҷон Мамадшехович бинобар сабаби он, ки навбатдори қисми ҳарбӣ телефони мобилии ӯро гирифтааст ва охирин оиди ҳозир шудани навбатдор ва ӯ сари вақт хабар надодааст дар муноқиша шуда, худсарона бархилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун амал намуда, Мақсудов М.М.-ро оиди бо гуноҳи ӯ гирифта шудани телефони мобилӣ гунаҳгор ҳисобида, ӯро бо роҳи таҳдиди истифодаи зуроварӣ маҷбур намудааст, ки як адад телефони мобилӣ барқарор намояд. Дар навбати худ қаторӣ Мақсудов М.М. аз тарси таҳдидҳои қаторӣ Музафаров Р.С. тавассути наздиконаш як адад телефони мобилии тамғаи “Jinga” дастрас намуда, 15.04. соли 2019 тахминан соатҳои 16:00 дақиқа ба қаторӣ Музафаров Р.С. овардааст, ки онро номбурда худсарона бархилофи қонун бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ қабул кардааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Музафаров Раҳим Салимович бо моддаи 334 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 1(як) сол таъин карда шуд.

Дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои таъиншуда шартан ба иҷро расонида нашуда  ба Музафаров Раҳим Салимович барои ислоҳшавиаш 1-(як) сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.

Назорат аз болои рафтори минбаъдаи Музафаров Раҳим Салимович ба зиммаи командири қисми ҳарбии 0123 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

Далели шайъӣ як адад телефони мобилии тамғаи “Jinga” ба ҷабрдида Мақсудов М.М. баргардонида шуд.

Аз болои ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд шикоят ва эътирози кассатсионӣ  овардан мумкин аст.