Таъмини адолати судӣ рисолати мост!

Таъмини адолати судӣ рисолати мост!

Судҳо дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши муҳим доранд. Барои дар амал таъмин намудани адолати судӣ судҳо аз ҳама гуна салоҳиятҳои ҳуқуқӣ бархурдоранд. Онҳо ҳангоми қабули қарорҳо комилан соҳибихтиёр ва озод буда, танҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар такя мекунанд. Ҳукумати кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқиро барои таъмини адолати судӣ фароҳам сохтааст. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақомоти суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳали одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон , ташкилоту муассисаҳо ва умуман ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Яке аз нафароне, ки дар роҳи таъмини волоияти қонун дар баррасии парвандаҳо, муроҷиати шаҳрвандон ва қабули қарорҳои одилона саъю кӯшиши фаровон дорад, Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе, полковники адлия Раҷабзода Ҳотам Назар мебошад.

Ӯ иброз дошт, ки тайи соли сипаришудаи 2019 аз ҷониби судяҳои суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар маҷмуъ 202 парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ шуд, ки нисбат ба соли 2018 панҷ адад зиёд аст. Дар ин давра нисбати 117 парванда таъиноти хусусӣ бароварда, 90 парванда дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби судяҳои суди ҳарбии гарнизони Душанбе соли гузашта 47 парвандаҳои шаҳрвандӣ ва 155 парвандаҳои оилавӣ, 19 парвандаҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ба мақомоти судӣ аз ҷониби муассисаҳои ислоҳӣ 243 пешниҳод ворид шуда, 95 адад дархост барраси гардиданд. Тавассути садо ва симо, инчунин рӯзномаҳо суханрониҳо баргузор ва матлабҳо ба нашр расидаанд.  Дар маҷмуъ, 761парванда баррасӣ гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 126 адад зиёд мебошад.

Ҳамон тавре пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ахири хеш бо кормандони мақомоти судӣ, ки ба таърихи 21-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гашт, иброз доштанд, «дар натиҷаи зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва рушди босуботи соҳаҳои  мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои судӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, барои таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяҳо ва содагардонии мурофиаҳои судӣ мувофиқи мақсад аст, ки роҳҳои тосудӣ ва айрисудии  баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо густариш дода шаванд. Чунин тарзи кор тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли ҳар чӣ зудтару камхарҷи парвандаҳо мусоидат менамояд». Ҳоло мо дар ин самт корҳои мушаххасеро анҷом дода истодаем ,-иброз дошт Ҳотам Раҷабзода. – Бояд таъкид намоям, ки рисолати асосии кормандони мақомоти судӣ таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун аст.

 

  •                     Раиси суди ҳарбии
  •                     гарнизони Душанбе
  •                     полковники адия                                                         Раҷабзода Ҳотам Назар