Таъиноти кадрӣ

11 июни соли равон мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов Аҳтам Маҳрамович бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан, дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода Хусрав Лутфулло, Раҳмонзода Маҳмад Шариф, Ҳаким Рухшона Аскар ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом, Маликзода Нарзулло, Меликзода Қаъбатулло муовинони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.