Табрикоти раиси суд бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳамватанони азизамон табрик ва таҳният гуфта, бароятон рӯзғори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон маҳсуб ёфта, он бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад!

 

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Бо эҳтиром,

Раиси суди  ҳарбии гарнизони  Душанбе, Раҷабзода Ҳотам Назар.