Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ!

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳуввияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.

Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем.

Забони тоҷикӣ ҳамчун нахустунсури сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд ва дар шароити имрӯза аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки  ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Боиси хушнудист, ки аз оғози  даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир меандешанд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.

Пешвои миллат дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» дар бораи гузашта ва имрўзи забон суханҳои нек гуфтаанд. Дар оғози сухан воқеъбинона гуфта шудааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.

Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

  • Раиси суди ҳарбии
  • Гарнизони Душанбе
  • Полковники адлия                                                           Раҷабзода Ҳ.Н.