Табрикот ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи 23-юми феврал, яъне рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегуем.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, он ба як Артиши бо ҷузъу томҳои муосир мукаммал табдил дода шуд.

Сарбозону афсарони далери шуҷои Артиши миллӣ дар рӯзҳои барои Ватану миллат вазнин корнамоиву қаҳрамониҳо нишон дода, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, тамомияти арзӣ, амну суббот ва тинҷиву оромии Ватани маҳбубамонро ҳифз намуда, аз имтиҳону озмоишҳои тақдир сарбаландона ва бошарафона гузаштаанд.

Бори дигар ин санаи фараҳбахшро ба Шумо муборакбод гуфта, бароятон бахту саодат, иқболу обрӯ, рӯҳу ҷисми болида ва дар фаъолияти пурмасъулатон баҳри шукуфоии Ватани азизамон муваффақиятҳо таманно дорем.