Шаҳрванд набояд қаллоб бошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе шаҳрвандоне ҳастанд, ки на ғами худашон, на ғами фарзандон ва на ғами падару модар ва бародару хоҳарашонро мехуранду даст ба ҷинояти қаллобӣ мезананд.

Масъалан: Буриев З.Ҷ., бо фармони комиссарии ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти № 43 аз 04-уми июни соли 2018 тариқӣ шартномавӣ дар зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъиншуда, дар вақти адои хизмат намуданаш бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Сарошоев Лутфулло Нозимшоевич моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино дар назди бинои комиссариати ҳарбии бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ барои тайёр карда додани билети ҳарби афсарӣ аз шаҳрванд Баротов Сафар Саидович маблағи 1000 доллари ИМА талаб намудаанд. Санаи 10-уи сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Баротов С.С. бехабар аз мақсади ҷиноят коронаи Буриев З.Ҷ. ва Сарашоев Л.Н. ба пешниҳоди онҳо рози шуда, маблағи 1000 доллари ИМА-ро ба Сарашоев Л.Н. додааст ва аз ин маблағ 400 доллари ИМА гурифтааст ва Буриев З.Ҷ. бошад 600 доллари ИМА-ро гирифта, ба эҳтиёҷоти худашон сарф карда, ягон амалро ба манфиати Баротов С.С. иҷро накардаанд. Дар натиҷаи ин амалҳои қасдонаи Буриев З.Ҷ. ва Сарашоев Л.Н. ба шаҳрванд Баротов С.С. зарари ҷиддии моддӣ расониданд.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 15 феврали соли 2019 Буриев Зиёвидин Ҷамолидинович, бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарашоев Лутфулло Нозимшоевич, бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда ва ба онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18250 (ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё  машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Буриев Зиёвидин Ҷамолидинович ва Сарашоев Лутфулло Нозимшоевич, бояд боиси фахри падару модар мегаштанд, сари онҳоро миёни ҷамъияти хам накарда даст ба ҷинояти қаллобӣ намезаданд.

 

 

  •                   Раиси суди ҳарбии
  •                   гарнизони Душанбе
  •                   полковники адлия                                                                                    Раҷабзода Ҳ.Н.