Сарбозе, ки мошинро дуздиду фурӯхт
Сарбоз аз қисми ҳарбии 13003-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона дар кӯчаҳои Душанбе гаштанаш бас набуд, ки даст ба дуздӣ задааст ва он ҳам дуздии автомашина.
Қосимов Ф.Ф. 1-уми апрели соли 2019 аз тарафи комиссияи даъватии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуда, ва барои адои он ба қисми ҳарбии 13003 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудааст. Ин сарбоз 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00 дар маҳаллаи Ҳаёти Нави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гаштугузор карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, аз фурсати муносиб истифода карда, автомашинаи тамғаи ВАЗ 2107, рақами қайди давлатиаш 18-66 DD 07, ки 10 000 сомонӣ арзиш дорад, аз даромадгоҳи гузаргоҳи маҳалли Ҳаёти Нав, хонаи 226, аз қафои манзили истиқоматии шаҳрванд Қувватов Шуҳрат Элмуродович, дуздидааст. Ӯ бо истифода аз ашёи хоҷагидорӣ мошинро ба кор дароварда, онро ба маҳаллаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ бурда ба сокини ин маҳалла шаҳрванд Пиров Маҳмадайюб Алиевич ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ фурӯхта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсии худ истифода кардааст.
Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 16 феврали соли 2021 Қосимов Фарух Файзиддинович бо моддаи 244 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 6 (шаш) сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.
- Муовини раиси суди
- ҳарбии гарнизони Душанбе
- подполковники адлия Искандарзода Б.М.