Рамзи қудрату тавоноӣ

Дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам да баробари Нишон ва суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳамин асос эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 11 декабри соли 1999бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида , ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ шингохта шуд.

Бояд гуфт, ки рамзҳо муқаддас мешаванд ва дар баробари ин аломату рангҳое, ки дар парчами давлатии Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ дорад, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад , аз тарафи дигар меърос барии арзишҳои фарҳангю ахлоқи маънавию илмӣ ифода ёфтаанд. Мо роҳи тулонии таърихро тавассути ҷонисориҳои фарзандони арҷманди диёр тай кардем, ки ин маънӣ аз ранги сурхаш бар меояд. Ҷавҳари миллити куҳанбунёди моро озодагӣ, маънавият ташкил медиҳад, ки ин ишора ба ранги сафеди парчам аст. Заҳмати созандаву ободкорӣ беҳтарин фазилати мардуми мост, ки ин ишора ба ранги сабзаш мебошад.

Ҳар як кишвар аз қадим нишонаҳои давлатдории худро дошту дорад, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасотест, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимояи Ватан, хонаводаву фарзандон ва таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд. Минбаъд ҳамасола дар кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами милли таҷлил мгардад, ки нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст.

Сокинони мамлакат ҳамасола Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлати давлатдорӣ, шукургузорӣ аз даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамояндм ва ин ҷашни пурифтихорро сол ба сол шукӯҳи нав мебахшанд.

  •      Муовини раиси суди ҳарбии
  •     гарнизони Душанбе,       
  •      полковники адлия                                                Давлатзода Х.Л.