Рамзи давлатдорӣ

Давлатҳое,ки мардуми форснажот чун Ҳохоманишҳо,Ашкониён,Сосониёну Сомониён ва ғайра дар тӯли таърих бунёд намудаанд,соҳиби парчамҳои хеш будаанд. Маҳз зери ливои давлатдорӣ, ниёгони баруманди мо баҳри ҳимояи марзу бими азизи хеш зиди истилогарони аҷнабӣ бархостаанд.

Пас аз инқилоби Октяр ва ташкили давлати тоҷикон, дар ҳайати дигар кишварҳои шӯравӣ Тоҷикистон баробари дигар муқаддасоти миллӣ,аз ҷумла соҳиби парчами хеш гардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақилият пайдо намудани Тоҷикистон парчам чун яке аз рамзҳои давлатдорӣ дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои олии кишвар аз нав таҳия ва қабул гардид. Ҳамин тавр, ҳар сол рӯзи 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчам дар саросари Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Ҳоло парчами серангаи Тоҷикистон ки дар миёнаш тоҷ ба назар мерасад, ифодагари таърихи давлатдории мардуми тоҷик аз аҳдҳои қадим ба шумор меравад.  Агар ранги сафеди парчам аз осмони соф, осоиштагӣ, тинҷию оромӣ дарак диҳад, пас ранги сабз гувоҳи сарсабзии диёр аст. Ранги сурх бошад, ифодагари рамзу талош, ҷонбозиҳои мардуми тоҷик баҳри ҳимояи марзу буми кишвари хеш аз тохтутозҳои аҷнабиён аст. Зикр намудан ба маврид аст, ки тӯли асрҳо аҷнавиён борҳо ба кишварамон лашкар кашидаанд. Юнону мақдуниҳо таҳти пешвои хеш Искандари Мақдунӣ, арабҳо, қавмҳои гуногуни турк тохтутозҳои муғулҳо бо сарварии Чингизхон сарзамини тоҷиконро ба хоку хун оғушта намудаанд. Аммо мардуми тоҷик баҳри ҳимояи сарзамини хеш бо аҷнабиён муборизаҳои беамон бурдааст. Ҳамаи ин корномаҳои гузаштагонамон дар ранги сурхи парчам ифода ёфтааст.

Аз ин хотир, ҳар фарди равшанзамин Парчамро эҳтиром дошта, Рӯзи Парчамро  чун рамзи давлатдорӣ таҷлил хоҳад кард.

 

  •             Судяи суди ҳарбии
  •            гарнизони Душанбе
  •            майори адлия:                                       Шарифзода Р.Ҳ.