Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон муборак бошад!

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Чун мо дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарор дорем аз инру мехоҳам қайд намоем, ки зиндагии инсон бе ҳастии кӯдакон ҳеч аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифодагари он аст, ки мо нисбат ба ҳаёти кӯдакону ҷавонон бетавофут набуда, ояндаи кишварро ҳастии онҳо медонем.

Дар ин рӯзи фархунда мехоҳем хамаи кӯдакони дунёро бо Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахти, хониши хубу аъло ва саломатии бардавомро орзу менамоем.