Парчам — нишонаи муҳими давлат
Парчам — нишонаи муҳими давлат
«Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, хафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқи мондаанд, аз он гувоҳи медиҳад.
Дар парчами ҳар давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангии ҳар миллат ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯи парчами мо рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешуд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон буданд. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешуд ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати неруманду устувор ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад
Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрези гардида, ба суи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани татбирҳои зарури доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон –Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.
Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдори ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асоси ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009, рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Хушбахтона бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби Парчами милли яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши серанг, ранги сурх-озодиву истиқлол , ранги сафед-сулҳу ороми, ранги сабз-ободиву хуррами ва дар байни он рамзи тоҷи зарини соҳибдавлати бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамадуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
- Раиси суди ҳарбии
- гарнизони Душанбе
- полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.