Озмун барои ишғоли вазифаи коромўз – судя

Тибқи талаботи банди 14 «Низомномаи комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз – судяҳо», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №866 тасдиқ шудааст, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули санҷиши хаттиро (диктант бо забони давлатӣ) барои номзадҳо ба вазифаи коромўз – судя, ки барои супоридани имтиҳон ҳуқуқ пайдо кардаанд, (рўйхати тасдиқшуда замима мегардад) эълон менамояд.

Санҷиши хаттӣ (диктант бо забони давлатӣ) барои номзадҳо ба вазифаи коромўз – судя, рўзи 1 майи соли 2018, соати 9.00 дар толори бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо суроғаи ш. Душанбе, кўчаи Буни Ҳисорак баргузор мегардад.

Номзадҳо ба вазифаи коромўз – судя бояд на дертар аз соати 7.30 дақиқа дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳозир шаванд. Номзадҳое, ки ба санҷиши хаттӣ дер мондаанд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд.

Либос расмӣ, бо худ гирифтани телефони мобилӣ ва дигар асбобҳои сабткунанда, ғайр аз қалами худкори ранга қатъиян манъ аст.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 2-33-89-91; 2-33-80-24; 918-17-01-71.