ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД”.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД”.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 декабри соли 2018, № 1254
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2019, № 633
ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 616; с. 2016, №3, мод. 147; с. 2018, №5, мод. 283) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Дар моддаи 4:

– сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“- таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омўзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кўдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ў;”;

– дар сархати шашум калимаҳои “дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ машғуланд” ба калимаҳои “иншоотҳои дигаре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ дошта, барои ташкил ва гузарондани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ муайян шудаанд” иваз карда шаванд.

  1. Ба сархатҳои сеюм ва панҷуми моддаи 7, сархатҳои дувоздаҳум ва шонздаҳуми моддаи 8 ва сархати дуюми моддаи 9 пас аз калимаи “муассисаҳои” калимаи “таълимии” илова карда шавад.
  2. Дар моддаи 8:

– ба сархати панҷум пас аз калимаи “умумибашарӣ” калимаҳои “, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ” илова карда шаванд;

– дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои “ва маводи сахттаъсирро” ба калимаҳои “, инчунин моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро” иваз карда шаванд;

– ба сархати бистум пас аз калимаҳои “роҳ надиҳанд” калимаҳои “ва барои интихоби касб ба ў мусоидат кунанд” илова карда шаванд;

– сархати бистуякум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“- асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омўзонанд;”.

  1. Ба сархати ёздаҳуми моддаи 9 пас аз калимаи “таълими” калимаи “динии” илова карда шавад.
  2. Ба номи боби 4 пас аз калимаи “ДАВЛАТӢ,” калимаҳои “МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ,” илова карда шаванд.
  3. Дар моддаи 12:

– ба ном ва матни қисми 1 пас аз калимаи “давлатӣ,” калимаҳои “мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,” илова карда шаванд;

– ба сархати сеюми қисми 1 пас аз калимаҳои “саҳм гузоштаанд” калимаҳои “ва амалҳои дигарро ба нафъи ҷамъият ва давлат анҷом додаанд,” илова карда шаванд.

  1. Ба ном ва матни моддаи 16 пас аз калимаи “давлатӣ,” калимаҳои “мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,” илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1594