Мурофиаи сайёри судӣ дар қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А.

Санаи 31-уми марти соли 2020 дар қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А. бо котибии лейтенанти калони адлия Қаҳоров Ш.К., айбдоркунандаи давлатӣ полковники адлия Икромзода М., дар маҷлиси кушодаи сайёри судӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати   Ҳомидзода Эшонҷон Маҳмуд бо моддаи 391 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешвоз ва ҷашн гирифтани Идҳои миллӣ, оиди амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремизми ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳи худогоҳи ва хештаншиносӣ, суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.