Модар ҳусунбахши зиндагии мост.

           Ҳамаи мо аз даврае, ки худро мешиносем падару модарро чароғи равшани хонадон, қуввату дилу нури чашмон ва сабуккунандаи дарду ғам медонем. Биноан, вақте мушкилие ба сарамон ояд, беихтиёр номи модарро ба забон мегирем. Мо ҳамеша назди модар барои эҳтироми шири сафед, бедорхобию меҳрубониҳояш қарздорем. Ҳақ бар ҷониби шоир фармудааст:

Бо номи ту ин калом, модар,

 Бар шири ту эцтиром, модар.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи модарон гуфтаанд: “Мураббии нахустини фарзанд модар аст ва тарбияи насли баору номус низ пеш аз ҳама дар оила сурат мегирад… Маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рӯзгори моро зеб медиҳад”.

Донистани қадру қимати модар ва эҳтироми бонувон рисолату қарзи ҳар як инсони соҳибақлу бонанг аст. Баъзан аз воситаҳои ахбори омма мехонем, ки баъзеҳо модарашонро, ки бо хуни ҷигар онҳоро ба воя расонидааст, моҳу солҳо суроғ намекунанд. Қисми дигар ҳамсари худро, ки модари фарзандонашон ва тарбиятгари насли наврас аст, озор медиҳанд. Мушоҳида мешавад, ки иддае аз ашхоси бефаросат модари ҳамдигарро дашном медиҳанд. Моҳиятан дашном додани модари дигарон даш­ном додани модари худ аст. Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин хусус чунин фармудааст:

Ҳарбад, ки ба худ намеписандӣ,

Бар кас макун эй бародари ман.

Гар модари худ дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ ба модари ман.

Имрӯз миёни бонувони тоҷик сиёсатмадорони шинохта, донишмандони маъруф, соҳибкорони саховатпеша, табибони ҳозиқ, ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ, мураббиёну омӯзгорони мушфиқро зиёд дучор меоем, ки мояи ифтихор аст. Новобаста аз мансабу вазифа бонуи тоҷик рисолати модарии хешро дар сатҳи хубу сифати баланд адо намуда, ба маънои томаш ҳуснбахши рӯзгори мо мебошанд. Ин нуқтаро Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, панду ахлоқ ва ҳидоятгари роҳи дурусти зиндагӣ буда, барои як фарди дилогоҳ як рукни имон аст”.

Биноан ҳар яки моро лозим аст, ки ба қадри заҳма­ти модарон расида, эҳтироми онҳоро ба ҷой орем.

  • Судяи суди ҳарбии
  • Гарнизони Душанбе
  • Подполковники адлия                                                     Шарифзода Р.Ҳ.