Миёни ҷомеа ҳастан нафароне, ки ҳангоми иҷрои амали оқибатҳои онро намеандешан. Шаҳрванд Раҳмонов Абдуғафор бояд фикри оилаашро мекарду даст ба ҷинояти худсарона намезад.

     Шаҳрванд Раҳмонов Абдуғафор Ҷаборович истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдаӣ, Ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Терак буда, тахминан моҳи марти соли 2007 ва апрели соли 2012 дар суроғаи мазкур қитъаи замини ба хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таалуқ доштаро дар майдони 1700 метри мурабаъ (0,17 га) ишғолнамуда, дар он худсарона манзили истиқоматӣ ва бинои ёрирасон бунёд кардааст. Номбурда аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар дохили ҳамон қитъаи замини худсарона ишғолнамудааш моҳи майи соли 2017 бархилофи талаботҳои моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замин, сарватҳои зери заминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами наботот, ҳайвонот ва дигар бойгарии табиӣ молокияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад ва моддаи 22-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад амал карда, дар суроғаи деҳаи Терак, Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар суроғаи мазкур заминҳои хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, бе иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои расмӣ дар майдони 292 метри мурабаъи замини хоҷагии мазкурро ғайриқонунӣ худсарона ишғол карда, дар онҷо оғилхона бунёд кардааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассисонаи Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ қитъаи замини болозикршуда аз рӯи харитаи заминистифодабарии хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи 7 ҷойгир буда, ба заминҳои кишоварзӣ (чарогоҳ) мансуб мебошанд.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 05-уми апрели соли 2018 Раҳмонов Абдуғафор Ҷаборович бо моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18250 (ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоњ) сомонӣ таъин карда шуд.

  

  •          Судяи суди ҳарбии
  •          гарнизони Душанбе    
  •          майори адлия:                                                                        Рустамзода М.Р.
  •  
  •