Мехост, билети ҳарбии қалбакӣ созад

Як ронандаи Комиссариати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе мехост бо истифода аз имкониятҳои доштааш дар ин ниҳод бо роҳи сохтакорӣ ба шаҳрванд билети ҳарбӣ омода кунад, аммо ба мақсадаш нарасид.

Одилов И.А., аз 18.07 то 27.08 соли 2020 дар вазифаи ронандаи комиссари Комиссариати  ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аввалҳои моҳи августи соли 2020 иҷрокунандаи масъули зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Дилшод Баротович ба ӯ оиди доштани имконият дар хусуси тайёр карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии ноқобил ба номи писари хоҳаркалонаш Самиев Парвиз Фирдавсович, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Нусратулло Махсум, бинои-6\1, ҳуҷраи №20 муроҷиат намуд. Одилов И.А. аз ин фурсати муносиби ба миёномада истифода бурда, дидаву дониста, ки ваколати тайёр карда додани чунин шаҳодатномаро надорад, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба Назаров Д.Б. ваъда додааст, ки бар ивази маблағи 3500 сомонӣ тавассути кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба номи Самиев П.Ф. шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии ноқобил тайёр карда медиҳад. Ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ бо сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории  Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирумадов Сайидо Қамарович маслиҳати пешакӣ намуда, санаи 08 августи соли 2020 дар назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Саид Носир ба Одилов И.А. маблағи 3500 сомонӣ дода, тибқи маслиҳати пешакинамудаашон бо Мирумадов С.Қ. амал карда, аз ин маблағ 500 сомониашро дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф карда, боқимонда маблағи 3000 сомониро санаи 18 августи соли 2020 дар назди бинои Корхонаи фаръии бақайдгирии молу муки ғайри манқули шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Неъмат Қарабоев  ба Мирумадов С.Қ. додааст.

Мирумадов С.Қ. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба тафтишот номаълум мебошад, сохтакорона ба номи Самиев П.Ф. бидуни гузаштан аз комиссияи тиббии даъватӣ шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ таҳти силсиларақами ҶТ №0062828 аз 27.08 соли 2020 омада карда, 28 августи соли 2020 ба Одилов И.А. дастрас кардааст. Одилов И.А. бошад, аз рӯи маслиҳати пешакӣ намудаашон бо Назаров Д.Б. амал карда, баъди гирифтани ин шаҳодтнома дар ҳамон мавзеъ, яъне дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе онро ба Назаров Д.Б. шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбиро пешниҳод кард. Ҳамин тавр, Одилов И.А., Мирумадов С.Қ. ва дигар шариконаш бо ин кирдори содирнамудаашон ба Атабаев В.М. зарари ҷиддии моддӣ расониданд.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 14 январи соли 2021 Одилов Илҳомҷон Абдулхамидович ва Мирумадов Сайидо Қамарович бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” ва 36 қисми 4-323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо  бо дастрасии моддаи 67 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 11600 (ёздаҳ ҳазору шашсад) сомонӣ, ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё  машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

 

 

  •  Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                              Раҷабзода Ҳ.Н.