Машғулияти семинари дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Рӯзи 26-уми апрели соли 2019 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки дар ин семинар мавзуъҳои зерин муҳокима карда шуданд:

  1. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бинобар сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, маърӯзачӣ Салимзода Акбар котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Файзобод.
  2. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки ҳастии табиии шахси воқеиро таъмин мекунад, маърӯзачӣ Ташрифзода Толиб котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе.
  3. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ.Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ, маърӯзачӣ Шарипов Садриддин котиби маҷлиси судии суди шаҳри Ваҳдат.
  4. Ҳуқуқи молумулкии зану шавҳар, маърӯзачӣ Туразода Муродалӣ котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Сино.