Маҷлиси корӣ

Имрӯз, 27-уми январи соли 2022 дар толори суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҷлиси корӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур, Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок намуданд.

Аз ҷониби Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., аз ҳозирин талаб карда шуд, ки ҷиҳати риояи саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олӣ, бандҳои нақшаи кории суди ҳарбии гарнизони Душанбе, риояи интизоми меҳнат,  даст назадан ба кирдорҳои корупсионӣ, навиштани протоколҳои маҷлиси судӣ дар муҳлатҳои муқаррар намудаи қонун ва баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.