Маҷлиси фаврӣ

Маҷлиси кории  кормандони дастгоҳи  Суди ҳарбии гарнизони Душанбе

Имрӯз, 18-уми  сентябри соли 2020 дар толори суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҷлиси навбатии корӣ баргузор гардид. Дар он, Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., ба кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар мавзуъҳои зерин суҳбат намуд.

Аз ҷониби Раиси суд, аз ҳозирин талаб карда шуд, ки ҷиҳати риояи саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олӣ, бандҳои нақшаи кории суди ҳарбии гарнизони Душанбе, риояи интизоми меҳнат, тозаю озода нигоҳ доштани утоқҳои корӣ оиди пешгири аз бемории Коронавирус (COVID-19), даст назадан ба кирдорҳои корупсионӣ, нависондани протоколҳои маҷлиси судӣ дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ва баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.