Маҳкум шудани хизматчии ҳарбӣ барои пахши ноболиғ

Хизматчии ҳарбӣ Тағойзода М.Х., дар асоси фармони Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2838ҲШ аз 14 октябри соли 2015 ба кор қабул карда шуда дар вазифаи диспечери калони шуъбачаи автомобилии воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст. Ӯ дар асоси супориши роҳбарияти воҳид барои аз дастгоҳи марказии КДАМ то ба амбори воҳид кашондани маводҳои сӯзишворӯ вобаста шуд. Ӯ санаи 16 апрели соли 2018 аз ними саҳари рӯзи бо мақсади овардани сӯзишворӣ автомашинаи хизматии тамғаи «Донг-фенг» рақами қайди давлатиаш 754 ХА 01 TJ-ро, ки тибқи роҳхати қаблан ба номи худ омода намудааш ба ҳаракат дароварда, бар хилофи талаботи банди 11 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷати ронандаги таъиноти махсус идора карда бароварда, ба бинои дастгоҳи марказии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда омад. Онҷо ӯ як миқдор маводҳои сӯзишворӣ қабул карда гирифта, тавассути автомашина бо роҳи мошингарди самти кӯчаҳои Шевченко – С.Шерозӣ – Карин Ман- М.Мастонгулови шаҳри Душанбе ба сӯи маҳалли хизматаш ҳаракат намуд. Тахминан соатҳои 12:00 ба 13:00 дақиқаи ҳамон рӯз, ӯ дар роҳи мошингарди назди бинои 24а кӯчаи М.Мастонгулов бархилофи талаботи банди 130 қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ҳолати аз канори рост ба тарафи чапи роҳ гузаштани ноболиғ Ҳайдаров Мирзобобур Абдувоҳидовичро мушоҳида карда, ба вуҷуд омадани монеа ва хатар барои харакатро дида, чораҳои фавриро барои паст кардани суръати ҳаракати автомашина ҷиҳати пурра боздоштани воситаи нақлиёти зери идорааш қарордошта наандешид, ки оқибат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ноболиғ Ҳайдаров М.А.-ро пахш намуд. Дар натиҷа, ноболиғ Ҳайдаров М.А., ҷароҳатҳои ҷисмонии дараҷаи миёна ба саломатӣ бардошта, муддати 21 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ гардид.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-автотехникӣ таҳти №16/1783/2018 аз 12 июни соли 2018, системаи боздорӣ ва идораи суконии автомашинаи хизматии тамғаи «донг-фенг» рақами қайди давлатиаш 754 ХА01TJ дар ҳолати дурусти техникӣ қарор дошта, зимни идораи автомашинаи зикршуда ронанда Тағойзода М.Х., имконияти техникии пешгирӣ намудани садамаи нақлиёти (зер намудани пиёдагард)-ро бо роҳи пахш намудани системаи манъкунии автомобил дошта, бояд тибқи талаботи банди 130 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамуд.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ таҳти №45 аз 05 июни соли 2018, ҷароҳатҳои ҷисмонии муайяншуда дар бадани ноболиғ Ҳайдаров М.А., дар намуди «садамаи пӯшидаи косахона ва майнаи сар, захмҳои латхӯрда ва харошаҳои мавзеи рӯй, харрошаҳои пушти дастпанҷаи ҳарду дастҳо ва тиҳигоҳ аз тарафи рост, шикасти пӯшидаи зерипардагии қисми акромиалии қулфаки чап» бо ҷарроҳатҳои ҷисмонии дараҷаи миёна ба саломатӣ мансуб буда, аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд ҳангоми садамаи нақлиётӣ дар санаи 16 апрели соли 2018 ба миён омадаанд.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Тағойзода Музафари Холмаҳмад бо моддаи 389 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоиҳии дорои  низомаш сукунат таъин карда шуд.

 

 

  •            Судяи суди ҳарбии
  •            гарнизони Душанбе
  •            майори адлия:                                                                 Рустамзода М.Р.