Хизмат ба Ватан шараф аст!
Хизмат ба Ватан шараф аст!
Хизмат кардан ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Моро месазад, ки меҳани хешро ҳифзу обод намоем. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.
Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.
Қайд бояд кард, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст.
Тибқи талаботи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад».
Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 моҳ буда, барои даъватшавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, таҳти рақами 246 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 ҷавонони синну солашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Метавон гуфт, ки татбиқи чорабиниҳои даъватӣ дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро бедор кардааст, ки ин омил метавонад дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи содиқонаи марзи кишвар мусоидат намояд.
Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст.
Дар шароити мурракаби ҷаҳонӣ имрӯза, ки дар ҳамсоякишвари дӯсту бародарамон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба вуқуъ омада истодааст, бояд мо шаҳрвандони бонангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳар як порча хоки Ватани азизамонро ҳимоя ва ҳифз намоем.
Чуноне ки Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Пас ҳамаи моро зарураст, ки хизмати Модар – Ватанро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адо намуда, ҳар порча хоки онро азизу муқаддас шуморида, доимо дар ҳифзу марзу буми Ватани азизамон бошем.
- Раиси суди ҳарбии
- гарнизони Душанбе
- полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 