Хабар надодан дар бораи ҷиноят

Дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя, Лоиқзода Н.А. бо котибии  Қаҳоров Ш.К. бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Абдуманнонов Ҳ.А. рўзи 31 декабри  соли 2018 дар маҷлиси кушоди судӣ дар толори суди ҳарбии гарнизони Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Завқов Қудратулло Якубович  15.04.1995 санаи таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ, Ҷамоати деҳоти Язғулом, деҳаи Андарбак, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, муҷарад, қаблан суд нашудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди барраси қарор гирифт. Судшаванда Завқов Қудратулло Якубович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 25000  (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.

Дар рафти мурофиаи суди маълум гашт, ки Шаҳрванд Завқов Қ.Я., собиқ хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 42660-и Баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз 26.04 соли 2016 бо шаҳрванд Сайдалов Абдуҷаббор Давлатҷонович тавассути шабакаи интернетии «Одноклассники» ба алоқа баромада, мунтазам ҳамсуҳбат мегардид. Дар рафти суҳбатҳои интернетӣ ӯ аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи августи соли 2017 оиди дар шаҳри Бумаҳени Ҷумҳурии Исломии Эрон таълимоти террористї гирифта ба ҳайати гурӯҳи террористии «Толибон» воқеъ дар улусволии Дашти Арчии Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон шомил гардидани Сайдалов А.Д., ва дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангии дар ин кишвар рухдода иштирок кардани номбурда маълумот пайдо намудааст. Аммо, ӯ дидаю дониста, ки Сайдалов А.Д., аъзои гуруҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъи террористӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати гуруҳ ҷои будубоши аниқ дошта, дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини ин гуруҳ иштирок кардааст, муддати зиёда аз 1 солу 4 моҳ тариқи шабакаи интернетӣ бемамоният бо Сайдалов А.Д., ҳамсуҳбат шуда, оиди ҷиноятҳои содирнамудаи Сайдалов А.Д., ва бошишгоҳи ӯ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар надода, ҷиноятӣ вазнинро пинҳон намудааст. Ин ҷиноят то лаҳзаи ошкор шуданаш аз ҷумла ҳангоми адои хизмати ҳарбии Завқов Қ.Я., давом доштааст. Санаи 29 апрели соли 2018 Сайдалов А.Д., ҳангоми ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 29 августи соли 2018 барои содир намудани ҷиноятҳои 307 3 қисми 2, 32 қисми 3-305 қисми 1, 401 1 ва 335 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол маҳкум гардидааст.

Худи судшаванда Завқов Қ.Я., дар рафти мурофиаи суди оиди айби ба ў эълонкардашуда бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои ғайри ҳабси таъин карда шавад.