Фирор аз хизмати ҳарбӣ боиси маҳруми аз озоди гашт!
Фирор кардан ба муҳлати тулони аз хизмати ҳарбӣ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намекунад ва баракс ҷавобгарии ҷиноятиро вазнин менамояд.
Сулаймонзода Ғоибназари Мирзосалим санаи 09-уми октябри соли 2012 аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, барои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 0123 (собиқ қисми ҳарбии 2620) Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сафарбар карда шудааст. Номбурда дар асоси фармони командири қисми ҳарбӣ №360 қ/с аз 25-уми декабри соли 2012 ба рӯйхати ҳайати шахсӣ ва тамоми намуди таъминот ворид карда шуда, ба вазифаи командири отделенияи ротаи комендантӣ таъин карда шуд. Сипас, қаторӣ Сулаймонзода Ғ.М. хизматашро дар қисми ҳарбии мазкур адо карда истода, бо пешниҳоди командири ротаи комендантӣ ба ӯ ба муддати 1(як) шабонарӯз аз 26-уми январи соли 2013 то ба 27-уми январи соли 2013 мурахассӣ дода шуда, охирин мебоист дар санаи зикршуда ба маҳалли хизматаш бармегашт, аммо номбурда дар вақту соати таъиншуда натанҳо ба маҳалли хизматаш бармегашт, балки бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ бидуни сабабҳои узрнок ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафтааст. Бо ҳамин қаторӣ Сулаймонзода Ғ.М., аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш 5(панҷ) солу 8(ҳашт) моҳу 12(дувоздаҳ) шабонарӯз дур монда, ваќтро бо салоҳдиди худ гузаронидааст. Номбурда ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш санаи 19-уми марти соли 2018 аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Москва дастгир карда шуда, санаи 08-уми октябри соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст, бо чунин ҳаракатҳои худ Сулаймонзода Ғоибназари Мирзосалим бо моддаи 375 қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд.
Аз болои ҳукм дар муҳлати 10 (даҳ) шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълони он тавассути ҳамин суд ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.
- Раисикунанда, Судяи суди
- ҳарбии гарнизони Душанбе
- подполковники адлия: Рустамзода М.Р.
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 