ФИРЕБГАРИ ВА СОХТАКОРӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе нафароне ҳастанд, кт на ғами фарзанду бародар ва на ғами дигаронро хураду даст ба ҷиноят назад, аммо ин хел одомон нестанд.

Одилов И.А., аз 18.07 то 27.08 соли 2020 дар вазифаи ронандаи комисари ҳамин ниҳод фаъолият карда, бо маќсади тасарруфи молу мулки ѓайр бо роҳи фиреб аввалҳои моҳи августи соли 2020 иҷрокунандаи масъули зершуъбаи сафарбарии Комисариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Назаров Дилшод Баротович ба ў оиди доштани имконият дар хусуси тайёр карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии ноќобил ба номи писари хоҳаркалонаш Самиев Парвиз Фирдавсович, истиќоматкунандаи ноҳияи Сино, кўчаи Нусратулло Махсум, бинои-6\1, ҳуҷраи №20 муроҷиат намуд. Одилов И.А. аз ин фурсати муносиби ба миёномада истифода бурда, дидаву дониста, ки ваколати тайёр карда додани чунин шаҳодатномаро надорад, бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо истифодаи маќоми хизматӣ ба Назаров Д.Б. ваъда додааст, ки бар ивази маблағи 3500 сомонї тавассути кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба номи Самиев П.Ф. шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии ноќобил тайёр карда медиҳад. Ў бо маќсади амали намудани наќшаи ҷинояткоронаи худ бо сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории  Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирумадов Сайидо Ќамарович маслиҳати пешакӣ намуда, санаи 08 августи соли 2020 Назаров Д.Б. дар назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, воќеъ дар кўчаи Саид Носир ба Одилов И.А. маблаѓи 3500 сомонӣ дода, тибќи маслиҳати пешакинамудаашон бо Мирумадов С.Қ. амал карда, аз ин маблағ 500 сомониашро дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф карда, боќимонда маблаѓи 3000 сомониро санаи 18 августи соли 2020 дар назди бинои Корхонаи фаръии баќайдгирии молу муки ѓайри манќули шаҳри Душанбе, воќеъ дар хиёбони Неъмат Ќарабоев  ба Мирумадов С.Ќ. додааст.

Мирумадов С.Ќ. аз рўи маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба тафтишон номаълум мебошад, сохтакорона ба номи Самиев П.Ф. бидуни гузаштан аз комиссияи тиббии даъватї шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ таҳти силсилараќами ЉТ №0062828 аз 27.08 соли 2020 омада карда, 28 августи соли 2020 ба Одилов И.А. дастрас кардааст. Одилов И.А. бошад, аз рўи маслиҳати пешакӣ намудаашон бо Назаров Д.Б. амал карда, баъди гирифтани ин шаҳодтнома дар ҳамон мавзеъ, яъне дар кўчаи Мушфиќии шаҳри Душанбе онро ба Назаров Д.Б. шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбиро пешниҳод кард. Ҳамин тавр, Одилов И.А., Мирумадов С.Ќ. ва дигар шариконаш бо ин кирдори содирнамудаашон ба Атабаев В.М. зарари ҷиддии моддӣ расониданд.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 14 январи соли 2021 Одилов Илҳомҷон Абдулхамидовичва Мирумадов Сайидо Ќамарович бо моддаҳои 247 ќисми 2 бандҳои “б,в,г” ва 36 ќисми 4-323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо  бо дастрасии моддаи 67 ќисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 11600 (ёздаҳ ҳазору шашсад) сомонӣ, ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқии ишѓоли мансабҳои муайян ё  машѓул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

 

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

полковники адлия                                                             Раҷабзода Ҳ.Н.