Аз беаҳмияти то паси панҷара

Агар сарбоз вақте, ки ба хизмати ҳарби даъват мешавад бояд содиқона ва софдилона ба Ватани азизи худ хизмат карда, бо сари баланд ба назди падару модар ва хешу ақрабо баргардад, аммо баъзе нафароне ҳастанд, ки фикри ояндаи худро накарда, ғами падару модарашро нахурда даст ба ҷиноят мезананд.

МИСОЛ: Бобалиев Фирдавс Ҳазратқулович, санаи 03 апрели соли 2018 аз тарафи комиссияи тиббии даъватии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, бо фармони командири қисми ҳарбии мазкур №77 аз 05 апрели соли 2018 ба вазифаи тирандози маркази таълимии баталёни якум таъин гардидааст.Чунончӣ, ӯ санаи 25-январи соли 2019 тахминан соати 08:05 дақиқа бо ҳамроҳии дигар сарбозон ба тоза кардани хобгоҳи сарбозон машғул будааст, ки ҳамин вақт аз наздаш сарбози қаторӣ Салимов Ахлиддин Салохиддинович гузашта, бо шухи аз пушти сари ӯ ду маротиба тела дода гуфтааст, ки тезтар хобгоҳро тоза кунед ва сарбози қаторӣ Бобалиев Ф.Х.- аз ин рафтори кардаи номбурда ғазабӣ шуда, ба ман супориш доди гуфта бар хилофи талаботҳои моддаҳои 4, 5, 6, 7, 10. Оиномаи интизомӣ ва моддаҳои 8, 9, 13, 16, 17, 35, 64, 150-153 Оиномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтор карда, бо мушти дасти росташ ду- се маротиба дар қисмати руйи номбурда зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Ҳамин тариқ сарбози қаторӣ Бобалиев Ф.Х.- қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани то беияти хизмати дар байни онҳоро дағалона вайрон намуда, бар хилофи оиномаҳои боло зикршуда рафтор намуда, шаъну эътибори сарбози қаторӣ Салимов А.А.-ро паст зада, нисбаташ қувваи зурии ҷисмонӣ истифода карда ба саломатии ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси суддӣ-тиббӣ таҳти №09 аз 29.01.2019 сол дида мешавад, ки дар бадани сарбози қатори Салимов Ахлиддин Салохиддинович ҷароҳати ҷисмонии шикасти кушодаи дутарафаи ҷоғи поён ҷой дорад, ки ин ҷароҳатҳо дар якҷоягӣ ба зарари вазнини миёна ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 4-уми марти соли 2019 Бобалиев Фирдавс Ҳазратқулович бо моддаи 373 қисми 2 банди «д»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 2 (ду) сол маҳкум гардидааст.

Аз болои ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз, бо тавассути ҳамин суд ба Коллегияи ҳарбии Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон  шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

  •           Судяи суди ҳарби
  •           гарнизони Душанбе
  •           подполковники адлия:                                                        Шарифзода Р.Ҳ.