Ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан, боиси ҷавобгарии маъмури гашт.

Санаи 30 марти соли ҷорӣ  судяи  суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Рустамзода М.Р., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Расулов Саймаъруф Ҳабибуллоевич 07-уми марти соли 1989 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, зодаи ноҳияи Фархор, сокини ноҳияи Фархор , ҷамоати деҳоти Ватан, деҳаи Баҳористон, таҳсилоташ олии аграр, ҷои кор: афсари Раёсати КҲФ ва МГ дар шаҳри Душанбе, оиладор соҳиби 4 фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Расулов Саймаъруф Ҳабибуллоевич санаи 28 мартии соли 2020 тахминан соати 08:20 дақиқа бо автомашинаи шахсиаш  дар ҳудуди шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «опел-астра» рақами қайди давлатиаш 55-16 ВК 03-ро идора намуда, бе иҷозатномаи махсус ба мусофиркашонии музднок машғул шудааст.

Расулов С.Ҳ., худашро гунаҳгор ҳисобида баёнот дод, ки дар ҳақиқат санаи 28-уми марти 2020 сол, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Гуноҳи Расулов С.Ҳ., бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор будани ў, бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Суд кирдори Расулов С.Ҳ.-ро бо моддаи 510 кисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад тасниф кард, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 сол таҳти №37 барои мусофиркашонии музднок доштани иҷозатнома зарур аст.

Вақти интихоби андозаи ҷазои маъмурӣ суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Расулов Саймаъруф. Ҳабибуллоевичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ба андозаи 12 (дувоздаҳ) нишондиҳанда  барои ҳисобҳо баробар ба 696 (шашсаду наваду шаш) сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримаи маъмурӣ, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.