Афсари сохтакор ва бемасъулият

Баъзе хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд, ки на ғами Ватани азизамонро мехӯранд, на ғами падару модар, на ғами фарзанду бародари худро ва ба ҷои хизмати содиқона қонуншикани мекунанд. Хизматчии ҳарбӣ командири ротаи таъминоти моддӣ-техникии қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Маҳмадраҷаб Маҳмаддовудович аз ҳадди ваколатҳои хизматии худ баромада, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт даст ба содир намудани ҷинояти мансабӣ задааст. Қурбонов М.М. аз авалҳои моҳи сентябри соли 2019 то 6-уми феврали соли 2020 аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ бараъло баромада мунтазам зертобеаш сарбози қаторӣ Саидов Муҳаммадзариф Убайдуллоевичро ғайриқонунӣ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш озод карда, дар китоби санҷиши ҳозирбошии рота, дар қисми ҳарбӣ ҳамчун ҳозир буданаш сохтакорона дарҷ карда, бо корҳои шахсӣ дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар, ба таъмири автомашинаи шаҳрвандон ҷалб карда шудааст. Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 30.03.2020 сол Қурбонов Маҳмадраҷаб Маҳмаддовудович бо моддаҳои 391 қисми 1 ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси моддаи 67 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазо ҷазои ниҳоӣ ба ӯ дар намуди ҷарима ба андозаи 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 17400 (ҳабдаҳ ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Судяи суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

подполковники адлия            Шарифзода Р.Ҳ.