АДОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

Дар пойгоҳи марказҳои таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд, 450 нафар сарбозоне, ки тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардида буданд, инак уҳдадорӣ, ё худ хизмати ҳарбиро бо гузаштан аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда, баҳри садоқат ба халқу Ватан Савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Маросими савгандёдкунии сарбозон дар майдони сафороии Маркази таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон, таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо  ворид намудану аз назди ҳайати шахсӣ гузаронидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Тибқи қавоиди низомиён, баъди ворид намудани Парчами давлатӣ ба майдони чорабинӣ, командири вобастагардидаи сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, оид ба омодагии онҳо баҳри қабули Савганди ҳарбӣ гузориш дод. Ҳамзамон, бо амри командир сарбозон тибқи тартиби муқарраргардида дар маркази майдони чорабинӣ саф ороста, ба ёд кардани Савганди ҳарбӣ шуруъ намуданд.

Қобили зикр аст, ки баъди дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, ин сарбозон аз аввалинҳое мебошанд, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ, ки ҳатмӣ мебошад, Савганди ҳарбӣ ёд намуданд ва бо гирифтаи билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ хизматро ба анҷом расониданд.

Ҳамин гуна чорабинӣ, ё худ маросими савгандёдкунии сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар Маркази таълимии “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд низ бо шукуҳи хосса ва хеле хотирмон сурат гирифт, ки сарбозони хизматро адонамуда, аз ширкат дар  ҷамъомади 30 рӯзаи ҳарбӣ дар ҳарду марказҳои таълимӣ таасуроти хешро бисёр хуб арзёбӣ намуданд.

Бо ҳамин тартиб, дар пойгоҳи Маркази таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон, 285 нафар ва дар Маркази таълимии “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд бошад, 164 нафар сарбозон, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба анҷом расониданд.

Дар ҳарду марказҳои таълимӣ барои хизмати рӯзмарраи ҳайати шахсӣ, нигаҳдории онҳо ва ташкилу баргузор намудани дарсу машғулиятҳои назариявӣ ва ҳам амалии саҳроӣ, тамоми шароити лозима муҳайё гардида, барномаҳои таълимии сарбозон мутобиқ ба 30 рӯзи хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ  таҳия, тасдиқ ва амалан татбиқ карда шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ин як навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбӣ аст. Яъне, тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки он 29-уми январи соли 2021, дар тарҳи нав қабул карда шуд, шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан, ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ ва бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021 тасдиқ шудааст, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.

 

Манбаъ: Сомонаи расмии Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://mort.tj)