Табрикотии Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Кӯдакон ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо дарназардошти чунин муҳиммият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол то сол беҳтару рангинтар мегардад.
Ҳамчунин тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар пайравӣ ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат роҳбарони вилоятҳою шаҳрҳо ва навоҳии кишвар, масъулони корхонаву ташкилотҳоро муваззаф гардиаанд, ки сарпарасти Хонаи кӯдакон ва мактаб- интернатҳо бошанду новобаста аз ҷашну маросимҳо аз аҳволи наврасон огоҳ бошанд. Ҳамасола барои беҳтарнамоии шароити таҳсилу зиндагии ятимону бепарасторон аз буҷаи давлат миллионҳо сомонӣ масраф мешавад.

Яке аз василаҳои баланд бардоштани ҳуввият ва ифтихори миллӣ баргузор намудани чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ миёни наврасон маҳсуб мешавад.
Махсусан бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” барои тавсеаи донишу маҳорат ва лаёқати кӯдакону наврасон заминаи хубе ҳоҳад буд.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.
Дар ин рӯзи фаромӯшнопазир ба падару модарон, бобою бибиҳо, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки қувваю дониши худро баҳри тарбия ва инкишофи насли навраси кишвар равона месозанд, миннатдории худро баён намуда, ба онҳо дар ин ҷода муваффақиятҳо орзу менамоям. Хоҳони онам, ки кӯдакони мо солим ва хушбахт ба воя расанд ва ба миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!