Паём барои ояндаи миллат

Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Пешниҳод шудани  Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъада муайян намуда, бо мисолҳои возеҳ оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими   давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ҳарф заданд. Таъкид шуд, ки новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии КОВИД -19 халқи шарифи кишвар бо меҳнати ҳалолу бурдборонаи худ дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятиҳои калон ноил гардиданд. Дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ – Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин интихобот ба мансаби президентӣ бори дигар собит намуд, ки ҳуввияит ва ифтихори миллии ҳар як сокини кишвар баланд аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба рушди технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр намуданд, ки таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” вобастагии калон дорад. Барои татбиқи амалии ин тадбир ба  Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шуд,   ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Пешвои муаззами миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин росто аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат мебошад, ки ин ба баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум заминаи мустаҳкам мегузорад.

Нуктаи дигари Паём он аст, ки  бо мақсади ҷалби ҷавонон барои омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” эълон карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Ин тадбир самараи нек ба бор хоҳад овард ва дар ояндаи наздик илм ва инноватсия пеш рафта, кадрҳои болаёқат ба камол мерасанд. Илова бар ин, Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон мо соли гузашта маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентиро хеле зиёд кардем. Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд

Дар фуроварди нутқи пурмуҳтавои худ Сарвари давлат мардуми шарифи кишварро ба ободкориву созандагӣ ва бо дастовезҳои арзанда пешвоз гирифтани  ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   даъват намуданд.

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                                          Раҷабзода Ҳ.Н.