11.01.2021 cол маҷлиси кории суди ҳарбии гарнизони Душанбе

Имрӯз, 11-уми январи соли 2021 дар толори суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҷлиси навбатии корӣ баргузор гардид. Дар он, Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., ба кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар мавзуъҳои зерин суҳбат намуд.

Аз ҷониби Раиси суд, аз ҳозирин талаб карда шуд, ки ҷиҳати риояи саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олӣ, бандҳои нақшаи кории суди ҳарбии гарнизони Душанбе, риояи интизоми меҳнат,  даст назадан ба кирдорҳои корупсионӣ, навиштани протоколҳои маҷлиси судӣ дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ва баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.