Терроризм — падидаи номатлуби замони муосир

Имрӯз падидаи номатлуб-терроризм ва экстремизм, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари зиёде эҷод карда истодааст ва метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба нестии аксари миллатҳову давлатҳо оварда расонад, инчунин, метавонад боиси ташвиши тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.
Ин дарде, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дучор гардидааст, ба тамоми халқҳои сайёраи замин таъсир расонида истодааст. Ҳодисаҳои нангине, ки дар даволатҳои абардқурдати ҷаҳон рухдода истодааст, боиси нигаронии мо ҷавонон гаштааст.
Дар ниқоби Ислом ин гурӯҳҳо давлатҳои тинҷу оромро ба даҳшати ҷанг табдил дода истодаанд. Ин ҳамон гуруҳест, ки аз фарҳангу тамаддуни миллати худ бехабаранд ва дониши казоӣ надоранд.
Миллатеро рафт чун оин зи даст,
Мисли хок аъзои ӯ аз ҳам шикаст.
Ҷавононе, ки ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ шомил шудаанду ба муқобили сохти конститутсионии кишварҳои арабӣ меҷанганд, боиси доғдор намудани миллату кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд. Онон хоҳони нооромӣ ва нотинҷии кишвар буда, дар ҳамин замина мехоҳанд соҳиби мансаб ва молу мулки беминат гарданд.
Мусалмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамоӣ, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале, ки аз муҳаббат ва садоқат маншаъ мегирад, иборат аст, ба ибораи халқ забону дил бояд як бошанд. Тавре Иқболи Лоҳурӣ меорад:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Тавре аз маънии абёти боло бармеояд, тақдири миллат дар дасти худи ӯст, ба бегонагон умед бастан ва хидматгузори дасти онон будан ғалати маҳз аст, ки бояд ҳар нафари дар андеша ва афъол ноустувор инро бахубӣ донад. Дар кишваре, ки ғоя ва арзишҳои асили миллӣ на танҳо тарғиб, балки дар фарорӯи бархурдҳои манфиатҳои башарӣ дар сатҳи баланд дифоъ мегарданд, мардум дар ниҳояти соҳибмаърифатӣ маданияту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хешро гиромӣ медоранд, ҳеҷ гоҳ ба тақлиду тақлидкорӣ ё ташаккули андешаҳои ифротӣ роҳ нахоҳанд дод. Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа аз сулҳудўстӣ, ёриву бародарист, на аз хурофотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатро на ба инкишофи устувор, балки ба таназзулу инҳисор мувоҷеҳ мегардонад.
Шайх Саъдӣ барҳақ мефармояд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Воқеан ҳам узве, ки ба дард меояд, яъне дар давлате нобасомонию нооромӣ рўх медиҳад, боиси ташвиши дигар давлатҳо аст ва Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, муборизаро бар зидди ҳама даҳшатфиканиҳо пурзӯр менамояд. Мо, ҷавонон, дар ин самт муборизаи шадид бурда, ҳамагӣ ин амалҳои номатлуб ва ё доғдоркунандаро маҳкум меҳисобем. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон, насли истиқлолу сулҳу ваҳдат бо Пешвои худ ифтихор дорем, пайравони Пешвои миллатем ва самимияту ватандўстии Роҳбарияти олии кишварро сарманшаи кори худ қарор додаем ва пайравӣ ба ақидаҳои созандаи Сарвари кишвар менамоем.

 

  • Судяи суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия                              Рустамзода М.Р.