Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. бахшида ба Рӯзи сарҳадбонон.

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи матин ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти касбиатон барору комёбиҳо орзумандем. Таъсис ёфтани Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сифати сохтори алоҳидаи низомӣ дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, ҷиҳати пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар нақши бузург ва таърихӣ бозид. Давлату Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлоли давлатӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдории мустақил эътибори аввалиндараҷа дода, барои муҳайё кардани шароити хизмативу маишии ҳайати шахсӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонидааст.

Хотиррасон мешавем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани сарҳади давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.  Соли 1997 инчунин  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳад» қабул гардид. Тибқи ин қонун вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти марзбонон ба танзим дароварда шудаанд. Соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Кормандони суди ҳарбии гарнизони Душанбе тамоми хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон самимона табрик намуда, барояшон осмони соф, суботу оромӣ дар сарҳадоти  давлатӣ ва ҷасорату матонат дар  ҳимояи марзу буми Ватанамон орзу мекунад.