Маҷлиси кории Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе вобаста ба шиносоӣ бо судяҳои навтаъингардида

10-уми феврали соли 2020 дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо иштироки Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат, Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳотам Назар., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҷлиси фаврӣ ҷиҳати шиносоӣ бо судяҳои навтаъингардида баргузор гардид. Аз он ҷумла Искандарзода Бахтиёр Мустафо муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва Шарифзода Анора Сайфиддин судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе, таъин гардиданд.

Дар маҷлиси мазкур ёдовар гардид, ки судяҳои навтаъингардида бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2020 таҳти №1452 таъин гардиданд.

Ҳайати кории суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо судяҳои навтаъингардида шиносоӣ пайдо карда, фаъолияти корӣ таҳти назорати роҳбарияти суди ҳарбии гарнизони Душанбе қарор дода шуд.